БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҷавонон ба дассисаҳои бадхоҳони миллат дода намешавем!

ВОКУНИШ.Дини мубини Ислом яке аз динҳои ҷавон ба ҳисоб меравад, ки аксарияти аҳолии  ҷаҳон  мусалмон мебошад. Аз ин истифода бурда наҳзатиҳо  мардуми кишварро  барои мақсадҳои ғаразонаи худ истифода мебаранд.

Аксарияти ҷавонони ҳозира, ки  дар Федератсияи Русия кору фаъолият мекунанд ва маълумоти кофии замонавӣ ва динӣ надоранд,  бо роҳи пулу мол онҳоро ба худ ҷалб  карда ба роҳи терроризм ва экстремизм равона месозанд. Ҳол он, ки баъзе аз онҳо худ намедонад, кӣ  ба чӣ корҳои ғайридинӣ ва мазҳабӣ даст зада истодаанд. Тарғиби ҳар гуна ақидаҳои динӣ-ифротӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ба шуури мусулмонони Тоҷикистон, бахусус  ҷавонон бетаъсир намемонад  ва метавонад дар онҳо ҳисси бадбинию нафратро нисбат ба дигар динҳо бедор карда, барангехтани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ  заминаҳои ақидавӣ фароҳам оварда, сулҳу суботи  ҷомеаи Тоҷикистонро, ки дар он пайравони диҳои мухталиф кору зиндагӣ мекунанд, вайрон созад.

Аз пушти баъзе ашхосе, ки номи мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ бадном  мекунанд ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ  дар хориҷӣ  кишвар истода,  даъвои Ватан мекунанд, аз озодиву ҳуқуқҳои инсон сухан мекунанд, ки худ мақсади ғаразнокашон ба сохти конститутсионии Тоҷикистонии соҳибистиқлол рахна ворид намудан аст. Зиндагии осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор сохтан мехоҳанд.

Мардуми  Тоҷикистон алакай хуб дарк намудаанд, ки  ҳадафи ин  нафарони нопок дар атрофи Кабирӣ ҷамъшуда, танхо ба хотири ба даст овардани сармоя мебошад.

Шармсор гаштани Кабирӣ ва пайравонаш дар ҷаласаи навбатии САҲА гувоҳи он аст, ки ӯ дар ягон маснад  садрнишин нахоҳад шуд, яъне ӯро на давлатҳои хориҷ меписанданду на Тоҷикистон.

Вале ӯ ба ин шикастҳояш ҳам аҳамият намедиҳад. Вале афсус, ин ифротиҳо ба хубӣ бояд дарк намояд, ки дигар ӯ ва ҳаммаслакони дар атрофаш ҷамъомада ҳеҷ кор карда наметавонанд.

Таърих борҳо собит карда аст, ки ҳар нафаре ё гурӯҳе,ки  ба халқи худ душманӣ меварзад ва ба Ватани худ хиёнат мекунад, харгиз ба мақсади нопоки худ нахоҳад расид ва хоин  унвон мешавад. Гуноҳи ин хел нафарон  хеҷ гоҳ бахшида нашудаанд ва нахоханд шуд.

Мо ҷавонони имрӯза бо пайравӣ ва пуштибонӣ  аз сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аъмоли зишти мухолифони давлат ва миллати точикро қатъиян маҳкум намуда, кӯшиш менамоем, ки фазои амни Тоҷикистони азиз дубора ноором  ва иттиҳоду якпорчагии миллати точик халалдор шавад.

Солиҳов Фирдавс, аъзои кибердружинаи назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg