ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Навободи поён”-и ҷамоати деҳоти Зафар масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияи Фархор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуда, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як қатор корҳоро ба сомон расониданд.






























