Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳосилот”-и ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот баргузор гардид.
Зимни мулоқот Абдулҳаев Маҳмасаид- раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ва Содиқова Меҳрубон-муовини раиси Кумитаи иҷроия иштирок намуданд.
Нахуст, Абдулҳаев Маҳмасаид зикр намуд, ки ҳизби мо нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар намудааст. Ҳамчунин изҳор дошт, ки асоси фаъолияти ҳизбро ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташкил медиҳад. Дар ин росто ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст дар раванди корҳои тарғиботӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар ҳалли мушкилоти ҷомеа иқдом намоянд.