ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Сайдали Вализода» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ Зайдуллоев Муҳамадҷон интирок карда, зимни вохӯрӣ бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Сайдали Вализода» аз хатарҳои коррупсия ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар рафти суханронӣ аз Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда қайд намуданд, ки: -“Хатарҳои ба рушди устувори давлат монеъшаванда ва ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонанда, коррупсия ва ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд мебошанд”.