БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲОНИДАНИ СОКИНОНИ КИШВАР ДАР МАВРИДИ ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ!

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳнат»-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Хатари терроризму экстремизм» доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исмоил Ҷалилов суханронӣ намуда, қайд карданд, ки аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз-таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд.

Инчунин, қайд гардид, ки маҳз фитнаҳои ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазор нафар кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо падарону модоронро мебояд дар таълиму тарбияи фарзандони худ саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg