БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РЕШАКАН КАРДАНИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Хумо» -и ноҳияи Шаҳритуз доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ  доир гардид.

Хониши сиёсӣ аз тарафи намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  гузаронида шуда, дар рафти он муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргардонидани 84 шаҳрванди ноболиғи тоҷик аз маҳбасҳо ва урдугоҳҳои давлати Ироқ бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва бетартибӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат  суханронӣ карда шуд.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg