
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Зимни баргузории суҳбату мулоқотҳо дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” вохӯрӣ доир ба самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсуф дар баромади худ гуфт, ки дин аз ҳама нуқтаи асосии ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад ва бо дарки ин, нахустҳуҷуми гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикастани рӯҳияи давлатдории миллӣ равона шудааст. Аз ин ҷост, ки ҳамаи ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нингаронида шудааст, ки руҳи миллии мардум бо руҳи давлатӣ даромезад. Муҳим будани ин андешаро аксари мардуми хирадманд ва кишварҳое, ки садсолаҳо собиқаи давлатдорӣ доранд, пазируфтанд.
Дар робита ба ин дар охир таъкид шуд то роҳҳое бояд ҷӯст, ки метавонад моро аз таассубу хурофоти динӣ пешгирӣ намояд.