А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовор и ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон» дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Сараввал масъулини ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дигар ҳадафҳои созандаи ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд.
Баъдар дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” 30 тонна асфалт харидорӣ карда шуда, роҳи мошингарде, ки деҳаи мазкурро бо маркази ноҳия мепайвандад, ба масофаи 6 км таъмиру тармим карда шуд.