БАЛҶУВОН. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи воҳиди давлатии хизмати маишии коммуналӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Муродова Марҷона маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.
Ҷ. БАЛХӢ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия доир карда шуд. Дар кори маҷлис аъзои раёсат, аъзои Кумитаи иҷроия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон партави дастурҳои созандаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумтаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давалтӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол миёни духтарон доир гардид.
ВОКУНИШ. Барномаи “Гапи озод”-ро дар радиои “Озодӣ” тамошо карда, ба хулосае омадам, ки ин воситаи ахбори омма як расонаи ҷудоиандоз ва иғвогар мебошад. Дар нашри навбатии барномаи мазкур сармуҳаррири нашрияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов ва сардабири собиқ рӯзномаи “Нигоҳ” Фаридуни Раҳнавард иштирок доштанд.
Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо хонандагони филиали омӯзишгоҳи таҳсилоти ибтидоии касбӣ- техникии шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
ҶАЙҲУН. Ҷиҳати таблиғи озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” ва “Илм фурӯғи маърифат”, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷайҳун бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси маъмурият ва дастгирии падару модарон бинои муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Носири Хусрав, ки ба таъмири ҷорӣ эҳтиёҷ дошт, корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз ёфт. Бо дастгирии волидайн ва шахсони саховатпешаи сокини шаҳраки Баҳор, қисми берунии муассисаи таълимӣ таъмир карда шудааст.
Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ҳамарӯза миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Н.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12