БАЛҶУВОН. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи воҳиди давлатии хизмати маишии коммуналӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Муродова Марҷона маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.
Зимни баргузории маҷлис оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми беназири кормандони ташкилоти мазкур дар ободии диёр ва гулгулшукуфоии маркази ноҳия Мирзозода Исуф андешаронӣ карда, қайд намуд, ки ҳар як аъзои фаъоли ҳизбро зарур аст, ки дар пешравии ҷомеа ҳиссагузорӣ намояд.
Дар охири маҷлис аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилот намояндагони ҳизбӣ дидан намуда, шахсони масъули ташкилоти ибтидоӣ таъкид гардиданд, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ҳамкориро бо Кумитаи иҷроияи ноҳия дуруст ба роҳ монда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойждошта чораҳои зарурӣ андешанд.