БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ТАРҒИБГАРИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумтаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давалтӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол миёни духтарон доир гардид. Дар мусобиқа донишҷӯдухтарони се донишгоҳ аз шаҳри Бохтар, Кӯлоб ва Данғара иштирок намуда, бо ҳам рақобат карданд. Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар чорабинии варзишӣ иштирок ва суханронӣ карда, мақсад аз баргузори ин мусобиқаро тарғиби ҳаёти солим ва дӯстиву ҳамдилии байни ҷавонон донист. Дар мусобиқа дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба Номи Носири Хусрав маҳорати хуб нишон дода, ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуюмро донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Данғара ва ҷойи сеюмро донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соҳиб гардиданд. Дар ҷамъбаст фаъолони мусобиқа бо медал ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg