Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон партави дастурҳои созандаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо ин мақсад дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва дастгирии фаъолон, соҳибкорони маҳаллӣ аз Ҷамоати деҳоти Навобод 3 километрм роҳи мошингарди деҳаи Пушкин мумфарш карда шуд.
Ин иқдоми некросокинон дастгирӣ карда, онҳо шукрона аз соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро карданд.