ҶАЙҲУН. Ҷиҳати таблиғи озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” ва “Илм фурӯғи маърифат”, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷайҳун бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат бо хонандагон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иброз доштанд, ки Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи халқи тоҷикро ба китобхонию китобдӯстӣ водор намуда, ҳисси донишомӯзиро тавассути китоб дар дилу дидаҳои мо бедор менамояд. Чи тавре, ки дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат қайд гардид, дар баробари озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» низ гузаронида мешавад.
Ҳамин аст, ки Президенти кишвар дар бозшинохти таърихи гузашта ва дарки мақоми илмҳои табиӣ, риёзӣ дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон мақоми илмҳои дақиқро боло дониста, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро тақвият бахшида, талаб намуданд, ки ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Пешниҳод шуд, ки ба хотири боз ҳам хубтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020 – 2040 “Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.
Дар охир аз тарафи масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмунҳои зикргардида иштирок намуда, номбардори падару модар, ноҳия ва дар оянда номбардори Ватани маҳбубамон гарданд.