Ҷ. БАЛХӢ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия доир карда шуд. Дар кори маҷлис аъзои раёсат, аъзои Кумитаи иҷроия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Дар кори маҷлис 4 масъала пешниҳод карда шуда, аз ҷониби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия якчанд тағйироту иловаҳо ворид гардида, масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлис марбут ҳаллу фасл карда шуд.
Дар аввал ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021 шунида шуд.
Дар охир кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қаноатбахш арзёбӣ шуд.