БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БА САФИ ҲХДТ ПАЙВАСТАНД

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб бо хонандагони филиали омӯзишгоҳи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ- техникии шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулини ҳизбӣ дар байни иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки ҳизб, ки Пешвои миллат, махсус дар бораи рушд додани дониши ҷавонон ба воситаи ташкили озмунҳо, дарёфти кадрҳои донишманду ҳунарманд, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, соҳибкасб гаштани ҷавонон, ки дар Паёми навбатӣ махсус қайд карда гузаштанд, суханронӣ карданд. Инчунин, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия аз маҳсули дастони худи хонандагон, ки дар як гӯшаи синфхона гузошта шуда буданд, дидан намуданд.  Воқеъан боиси хушбахтии ҳар як хонанда аст, ки дар як навбат  агар дорои шаҳодатномаи маълумоти миёнаи умумӣ шаванд ва дар навбати дуюм диплом мегарданд, ки дар оянда мутахассисони хуби замони худ мегарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg