КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Стоматология”-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ маҷлиси навбатии ташкилоти ибтидоӣ баргузор шуд.
КӮШОНИЁН. Сафарбар намудани шахсони саховатманд ба амалҳои хайру сахо яке аз рисолатҳои неки инсонӣ буда, пайваста дар арафаи иду ҷашнҳо бо ҷалби соҳибкорони муваффақ, фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён доир карда мешавад.
КӮШОНИЁН. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи Модар аёдату дидорбинии як зумра модарони собиқадор ва фаъолзанон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён доир карда шуданд.
КӮШОНИЁН. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба Рӯзи Модар ба як нафар зани ниёзманд аз Ҷамоати шаҳраки Бохтариён кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
КӮШОНИЁН. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати шахсиятҳое, ки ба халқу Ватан хизмати содиқона намудаанд, дар ҳар иду айём ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдом арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи ин шахсони барӯманд маҳсуб меёбад.
ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЁВОН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо аҳли деҳа суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
ЁВОН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фурқати Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо аҳли деҳа суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
ЁВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориё»-и Ҷамоати деҳоти Даҳана бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» мардуми деҳаи Даҳана сарҷаъмона ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи маҳали зисти худро ободу зебо намуда, ҳар гуна гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабзро шинониданд.
ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12