БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛЗАНОН БО ТУҲФАҲОИ ИДОНА САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУДАНД

КӮШОНИЁН. Тибқи дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати шахсиятҳое, ки ба халқу Ватан хизмати содиқона намудаанд, дар ҳар иду айём ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдом арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи ин шахсони барӯманд  маҳсуб меёбад.

Ба ин хотир,  волонтёрону  кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  дар якҷоягӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии “Навобод” Маҳмадқулов Холмаҳмад  дар арафаи “Рӯзи Модар” ба дидорбинии  яке аз занҳои  фаъолу пешқадами ноҳия, ки  дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ содиқона хидмат кардааст, Мавлонова Улҷаной рафта, аз вазъи саломатӣ ва зиндагии ин модари хизматдида ошноӣ пайдо карданд ва ба ӯ  туҳфаҳи идонаро тақдим намуданд.

Ҳамзамон ба Мавлонова Улҷанойи  96 сола  Ифтихорномаи  ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур  супорида шуда, хизматҳои модари мушфиқу чашмикордон шоистаи таҳсин дониста шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg