БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - МУЖДА АЗ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

ЁВОН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо аҳли деҳа суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.                  

Зимни суханронӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат оид ба Паёми имсола ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, шахсони пиру барҷомонда ва ятимону маъюбон вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Инчунин, дар идома муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул оид ба  пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон барои риояи конунҳои амалкунандаи мамлакат ва татбиқи  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg