КӮШОНИЁН. Сафарбар намудани шахсони саховатманд ба амалҳои хайру сахо яке аз рисолатҳои неки инсонӣ буда, пайваста дар арафаи иду ҷашнҳо бо ҷалби соҳибкорони муваффақ, фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён доир карда мешавад.
Вобаста ба ин дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як оилаи эҳтиёҷманд аз деҳаи 20-солагии Истиқлолият воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аёдат карда шуда, як миқдор кумаки моддӣ расонида шуд.