БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ РАИСИ НАВИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАОРИФЧИЁН"

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуд.

Дар маҷлис аз фаъолияти 3 моҳаи ташкилоти ибтидоӣ  натиҷагирӣ карда шуда, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз  қайд кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ А Камолов, раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Маорифчиён"  интихоб карда мешавад.

Ба раисии нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" номзадии мудири Шуъбаи маориф Маҳмадсаидзода Шаҳноза аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод карда шуд ва бо тарафдории аксарияти иштироккунандагон Маҳмадсаидзода Шаҳноза раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" интихоб гардид. Сипас, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар поёни маҷлис дар бораи мақоми зан дар ҷомеа сухан рафта,  таъкид гардид, ки ба мансабҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани занон аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ин худ далели он мебошад, ки рӯз то рӯз мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида истодааст, хусусан дар ноҳияи Дӯстӣ, ки роҳбарии якчанд ташкилотҳоро занон ба уҳда доранд бомуваффақият кор ва фаъолият карда истодаанд, аз он ҷумла таъин гардидани зан ба мансаби мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg