КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Стоматология”-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ маҷлиси навбатии ташкилоти ибтидоӣ баргузор шуд.
Дар рафти маҷлис масъулини ҳизб атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид дар ин росто тамоми занону модарони ташкилоти ибтидоиро ба ифтихори фарорасии баҳори накӯпай Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар як онҳо рӯзгори босаодат, хонаи ободу иқболи баланд ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Ҳамзамон дар охири чорабинӣ бошад, ба 8 нафар занони собиқадори ташкилоти ибтидоии номбурдашуда кумаки молиявӣ расонида шуд.