ҲАМАДОНӢ. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо роҳбарии раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чубек оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрӣ гузарониданд.