НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ғафурзода Фирдавс ва Муслима Ғуриева маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.
НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ” бо иштироки Ғуриева Муслима мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Чорабинии варзишии намуди Футбол миёни аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо бахши Ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор гардид.
ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид.
ҚУБОДИЁН. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Коргар”, “Ситора”, “Ҷавонӣ”, “МТБО” ва “Варзиш” бо аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии вохӯрии судманд баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва ҳисоботҳои солонаи ташкилотҳои ибтидоӣ дарҷ гардид.
ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҶТ» вохӯрии судманд баргузор намуда, ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карданд.
ВОСЕЪ. Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия маҷлисҳои ҳисоботӣ- ҷамъбастӣ рафта истодааст.
ВОСЕЪ. Дар идомаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуда истодаанд.
ВОСЕЪ. Бо мақсади амалӣ намудани корҳои ободонӣ, тозаю зебо гардонидани маҳалли зист ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Дандонпизишк” дар доираи Аксияи ҳизбии “”Якҷоя месозем” шанбегӣ гузаронида шуд.
ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи баргузории маҷлисҳои умумии ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти солонаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва вазифаҳо барои соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод” маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12