БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои фаъоли намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, кормандон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баҳри тоза намудани кӯчаву роҳравҳо ва назди ташкилоту идораҳо, ки тозагӣ гарави саломатист,  сарҷамъ шуда, ба ҳашари умумӣ баромаданд.

Дар ин рӯз кӯчаву роҳравҳо ва ҷӯйбору обравҳои маркази ноҳия пурра аз партовҳо тоза карда шуда, дар ин маъракаи умуминоҳиявӣ  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона иштирок намуда, дар корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg