ВОСЕЪ. Дар идомаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуда истодаанд.
Ин навбат маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Анористон” ва “Боғчаи №6”-и Ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакӣ доир гардида, дар он ҳисоботи фаъолияти солонаи ташкилотҳои ибтидоии мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои навбатӣ барои соли 2021 муайян карда шуданд.
Инчунин, дар идома масъулин оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи оқилонаи неруи барқ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус ибрози ақида карда, сокинонро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳидоят намуданд.