ВОСЕЪ. Бо мақсади амалӣ намудани корҳои ободонӣ, тозаю зебо гардонидани маҳалли зист ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Дандонпизишк” дар доираи Аксияи ҳизбии “”Якҷоя месозем” шанбегӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории Аксияи ҳзизбӣ иштирокдорон бехи дарахтон, гулҳои ороишӣ ва заминҳоро нарм намуда, роҳраву ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза намуданд.
Ҳамзамон, иштирокдорон дар суҳбат иброз намуданд, ки минбаъд низ чунин корҳои ободониро баҳри ободу зебо гардонидани маҳалли зист зиёд намуда, саҳми худро дар пешравии Ватани азиз мегузоранд.