БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РӮДАКӢ”

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ” бо иштироки Ғуриева Муслима мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Тоҷиддинова Зулфия  оғоз намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида гузориш дода, қайд намуд, ки сол то сол сафи аъзои ҲХДТ зиёд гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътиқоду эътимоди сокинони кишвар ҳамарӯза нисбати ин ҳизби созандаву бунёдкор зиёд гардида истодааст.

Дар соли сипаригардида масъулини ташкилоти ибтидоии «Рӯдакӣ» дар чорабиниҳои сиёсии интихоботҳо гузашта фаъолона ширкат варзиданд. Соли сипаригардида барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бисёр соли таърихию санҷишӣ буд, ки мо дар якҷоягӣ тавонистем ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил гардем.

Баъд аз баррасии  ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Муслима Ғуриева  ба сухан баромада,  аз дастовардҳои сиёсии ин ҳизби бонуфуз ёдовар шуда, ҳисоботи раисти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg