БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ САРФАКОРӢ МЕБОЯД

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ғафурзода Фирдавс ва Муслима Ғуриева   маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Холобобоева Чамангул оид ба фаъолияти ташкилот дар соли сипаригардида ҳисобот дода, зикр намуд, ки эътиқоду эътимоди сокинони кишвар ҳамарӯза нисбати ин ҳизби созандаву бунёдкор зиёд гардида истодааст.  Дар соли сипаригардида масъулини ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсии интихоботӣ фаъолона ширкат варзида, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас, масъулин изҳор доштанд, ки соли сипаригардида барои аъзову ҷонибдорони ҳизб бисёр соли таърихию санҷишӣ буд, ки мо дар якҷоягӣ тавонистем дар ин соли сипаригардида ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил гардем. Инчунин, қайд гардид, ки якояки моро зарур аст тибқи муроҷиатномаи вазорати энергетика ва  захираҳои об  ҳамзамон муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg