ВОСЕЪ. Бо дар назардошти ба итмом расидани соли 2020 ва ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли гузашта тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия маҷлисҳои ҳисоботӣ- ҷамъбастӣ рафта истодааст.
Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №5”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Саидов Муҳаммадҷон ва аъзои ташкилот доир гардид.
Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботӣ ҷамъбастиро барои соли 2020 ироа намуда, нақшаи корӣ барои соли 2021 тасдиқ ва баррасӣ кард.
Инчунин, дар идомаи маҷлис аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои боз ҳам пурзӯр кардани фаъолияти ҳизбӣ мавслиҳатҳои судманд пешниҳод гардид.