АНДЕША. Дар остонаи боз як солгарди ҷашни бузурги сиёсию миллӣ ва давлатии Ватани азизамон рӯзи Истиқлолият қарор дорем. Он тӯли 29 сол чун меҳвари асосии манфиатҳои миллии Тоҷикистони озоду дунявӣ тавонист кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар бошад. Тамоми паҳлуҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифта, дар самти рушд ва болоравии эҳсоси меҳанпарастии мардуми кишвар васеъ истифода мешаванд.