БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИХОР АЗ МАСИРИ ТАЙШУДА

(Табрикоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Истиқлолияти давлатӣ сарвати бузург ва мояи ифтихори ҳар як фарди бедордил аст. Халқи тоҷик баъди садсолаҳо дар охири садаи ХХ ниҳоят дигарбора соҳиби давлати мустақили худ гардид ва ба тозагӣ дар харитаи дунё кишваре бо номи Тоҷикистон арзӣ ҳастӣ кард, ки ин ҳадафи деринтизори ниёгон ва мояи сарфарозии насли имрӯз мебошад.  

Таърих имтиҳони сангини худро доштааст; баробари фароҳам гардидани Истиқлолияти давлатӣ озмоиши ҷиддие мардуми ин сарзамини озоду осударо пешорӯ омад. Душманони миллату  давлати тоҷикон он шабу рӯзро фурсати муносиб барои матраҳи мақсадҳои зишти худ донистанд. Оташи ҷанг кишварро фаро гирифт, вартаи нобудӣ давлати навини Тоҷиконро таҳдид мекард. Лекин бори дигар исбот шуд, ки тоҷикон мардуми созандаанд ва таҷрибаи бузурги давлатсозӣ доранд. Ба зудӣ мардуми ин сарзамин дӯстро аз душман шинохтанд. Шахсиятеро ба худ роҳбар интихоб карданд, ки ӯ ҷонфидои халқу миллат ва давлати хеш аст. Ин имтиҳони сангини таърихро, хушбахтона, зери роҳбарӣ ва роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона гузаштем. Исбот шуд, ки барои халқи тоҷик ва тоҷикистониён сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ арзиши муҳим ва муқаддас аст ва ин неъмате, ки зикраш рафт, аз муҳимтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Умед ба ояндаи дурахшон пайдо шуд. Дар ин миён Роҳбари давлат таъсиси ҳизби сиёсиеро бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳим донистанд, ки дар он шабу рӯз мардумро дар масири созандагиву бунёдкорӣ сарҷамъ кунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини дастовардҳои бузурги соҳибистиқлолии кишвар самти муайян ва муассири худро интихоб кард ва ҳоло наметавон музаффариятҳои ин даврони саодати миллатро бе саҳми назарраси ҳизбиён тасаввур кард.

Солҳо сипарӣ шуданд; дар муддати начандон тӯлонии таърих Тоҷикистон ба як давлати амн, дар ҳоли рушд, ташаббускору маваффақ муаррифӣ шуд. Ҳадафҳои бузурги стратегӣ ботадриҷ амалӣ гардиданд. Симои меъмории тамоми гӯшаву канори мамлакат дигаргун шуд. Соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рушд кард. Аз ҷумла, Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зебои дунё табдил ёфт. Роҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ бунёд, ҳамкориҳои судманд ва рафтуо бо ҳамсоякишварҳо таъмин шуданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари таъминкунандаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар сафи пеш қарор гирифт. Соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушд карда, инфрасохтори муосир бунёд шуд. Адолати иҷтимоӣ ва қонуният таъмин гардид. Иқтисод пеш рафт. Деҳқон соҳибии аслии замин шуд. 

Хуллас, ҳарчанд масири 29-солаи давлатдории тоҷикон пур аз монеаҳои сангин ва шебу фароз буд, бо вуҷуди ин, комёбиҳои заминасозе ба даст омаданд, ки қаблан шояд дар тасаввур ҳам намеғунҷиданд.

Гиромӣ доштани кулли арзишҳои умумимиллӣ ва ба наслҳои баъдӣ бегазанд ва комил расонидани Истиқлолияти давлатӣ, ки аз муҳимтарин дастоварди миллат аст, вазифаи ҳар як фарди ватандӯст маҳсуб меёбад.

Бо ин бовар, ки рисолати мазкурро мо сарбаландона ба сомон мерасонем, 29-умин солҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳама мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла, сокинони сарбаланди вилояти Хатлон таҳният мегӯям. Бигзор, то ҷаҳон ҳаст, Тоҷикистон соҳибихтиёру гулгулшукуфон ва миллат озоду саодатёр бошад!   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg