БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии короновирус (СOVID-19) ва баланд бардоштани фарҳанги ҷаҳонбинию дониши хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳияи Балҷувон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон вохӯрии навбатӣ миёни омӯзгорону хонандагони муассиса баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки ҳангоми суҳбат миёни омӯзгорону хонандагони муассиса аз тарафи масъулин иброз гардид, ки беҳтарин воситаи пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба ин беморӣ, риояи тарзи ҳаёти солим аст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳар як нафарро мебояд, ки ба гигиенаи шахсӣ диққати аввалиндараҷа диҳад то худ ва дигаронро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ муҳофизат намояд.Ҷавонон воқеъан ояндадори давлату миллат, ки ба ҳисоб мераванд, бояд аз тамоми донишҳои замони муосири худ бохабар бошанд ва дар пешрафти ҷомеа, солимии миллату давлат нақши беназири худро гузоранд.
Ҳамчунин, ба хонандагон тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироят ба коронавирус расонида шуда, таъкид карда шуд, ки хонандагон ба муассисаи таълимӣ бе ниқоб наоянд ва ба омӯзгорон тавсия дода шуд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ пайваста хонандагонро назорат кунанд.