АНДЕША. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузург ва таърихии миллат 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватан ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои идона тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи обод орзу менамоям.
Бисту нуҳ сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991, рӯйдоди муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқӯъ пайваст ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба шумор меравад. Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф шуда, бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш рафта истодааст.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 29 соли Истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни аҳолии Тоҷикистон мебошад.
Иродаи матину суханони таърихии Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баробари таҳлили вазъи муташанниҷу хатарҳои мавҷудаи замони гузариш ба сохти нави давлатдорӣ дар муроҷиат ба халқи худ чунин гуфта, буд: «Ман барои шумо сулҳ меорам!» ва имрӯз насиби мо гардидааст, ки ба дилҳои пур аз меҳр ва умеду боварӣ ба рӯзҳои неку ояндаи дурахшон расидаем. Халқи заҳматкаши Тоҷикистон бо эътимоду боварии комил ба наҷотбахши миллат меҳнату заҳмати пайвастаро шиори худ карда, дар роҳи баробаркунии харобаҳои ҷанг ва ободу шукуфоии хонаву диёри аҷдодӣ бо иқдомҳои Пешвои миллат пайравӣ намуда, бо хизмати содиқона ба халқу Ватан ҷавоб медиҳад.
Бо шарофати донишу малакаи фитрӣ дар умури идоракунии давлат ва фаҳму идроки фавқулодаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷасорату тасмимгириҳои орифонааш дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд. Маврид ба ёдоварист, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид.
Баъдан, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани ҷашнвораҳои “Соли бузургдошти Имоми Аъзам”, ташкили Симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994), ҷашни 680 ва 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷашнвораи 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90-солагии МирзоТурсунзода (2011) ва дигар иқдомҳои сиёсию фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз зуҳури абармарди таърих мужда медод, ки тоҷиконро чун миллати тамаддунофар ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Яъне, эҳёи дубораи расму анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ, рушду пешрафти илм, баланд бардоштани маданияту маърифатнокии ҷомеа, ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва дигар дастовардҳои Пешвои муаззами мо намунае аз ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи ниёгон аст, ки орзуи онро аз насл ба насл дар қалбҳо мепарвариданд.
Дар баробари пешрафтҳои гуногунҷабҳаи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ва муваффақиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёдгузориҳо ба хотири рушду тараққиёти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва ғайраҳо ба беҳтар гаштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа заминаҳои воқеӣ фароҳам шуд.
Имрӯз Тоҷикистон дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2016-2020 ҷиҳати аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои заруриро фароҳам оварда истодааст.
Ҳоло ба шарофати заҳмату талошҳои миллати шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.
Дар марҳилаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Чунки маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд марҳилаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти сохториро дар давлати тозаистиқлол роҳандозӣ намоянд.
Дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриямон бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими дорои аҳамияти давлатӣ, аз қабили неругоҳҳои барқи обии “Помир-1”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Роғун”, фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, кони гази Хоҷасартез, таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қулма, шоҳроҳи Қароқурум – Шкев – Зиғар, (марҳалаи 1 ва 2), хатҳои баландшиддати “Лолазор - Хатлон”, “Ҷануб ва Шимол”, нақби мошингарди “Чормағзак”, “Шаҳристон”, “Шар - Шар”, “Анзоб” ва як қатор корхонаҳои хурду бузург ба истифода дода шудаанд, ки дар маҷмӯъ гуфта метавонем, рушду тараққиёти Тоҷикистони ҷавон босуръат хело тез пеш рафта истодааст.
Ҳамдиёрони азиз!
Раванди давлатдориву давлатсозӣ ва дарки масъулият дар наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда аз ҳар яки мову шумо тақозо менамояд, ки рисолати бар дӯш гирифтани худро дуруст анҷом диҳем. Таърих гувоҳи он аст, ки дар ягон давру замон масъалаи давлатдорӣ кори саҳл набудааст ва он дар шароити имрӯзаи бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, мушкилоти рӯзафзуни ҷомеаи башарӣ, тақсими нави ҷаҳон байни давлатҳои абалқудрат, оғози марҳилаи нави ҷанги сард, мусаллаҳшавии бошитоб, зуҳури бесобиқаи гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва амалҳои таҳрибкоронаи онҳо, бадтар аз ҳама муносибати дугона дар мубориза ба ин омилҳои номатлуб, вазъро печидатар ва роҳи кишварҳоро дар рӯбарӯи мушкилоте қарор дода истодааст, ки ҳатто абарқудраттарин кишварҳо дар ин рӯбарӯи онҳо печидаанд.
Пандемия бемории сироятии коронавирус (COVID-19)-и бавуҷудомада бозгӯи ҳақиқати ҳол аст.
Аммо, дар чунин як шароити мураккаб Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно бо маром ба пеш ҳаракат дорад.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошанд!
Барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият, бардавомӣ ва ҷовиду пояндагии бахту саодати миллат барои боз ҳам ободу пешрафт ва рушду нумуи Тоҷикистони маҳбуб якдилона ва боҳамовозии амиқ номзадии арзандаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад якдилона райъ медиҳем.
Бо ҳамин ниятҳои нек 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми сокинони сарбаланди кишварамон самимона табрик гуфта, сари баланду неруи тоза ва саодати рӯзгорро орзумандам.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Шукуфон бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Ҷовидон бод, Пешвои муаззами миллат!
Саидзода Нурмуҳаммад Хол, раиси ноҳияи Дӯстӣ