АНДЕША. Медонем, ки тарбия аз оила сарчашма мегирад ва падару модар бояд аввалин нафароне бошанд, ки дар бораи дину эътиқод ва талаботҳои китоби мукаддаси Қуръон ба фарзанд маълумот дода бошанд. Падару модарро заррур аст, ки маълумотҳои заруриро, низ атрофи терроризм ва экстремизми динӣ дошта бошанд. Душманони давлату миллат бо истифода аз эътиқоди динии одамон истифода бурда, оқибат ҷавонони моро ба самти экстремизм ва терроризм равона месозанд.
Вазьи имрӯзаи ҷаҳон гувоҳи он аст,ки экстремистон ва террористон барои расидан ба ҳадафҳои худ бештар ба идеологияи динӣ рӯ меоранд. Аз ҷумла,ташкилотҳои экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ дини мубини Исломро ҳамчун яроқи сиёсӣ ва ҳамчун идиеологияи сиёсӣ истифода мебаранд. Қаӣд кардан зарур аст, ки эҳтимолияти зуҳурот экстремизм ва терроризм на фақат дар Ислом,балки дар ҳар як дин дида мешавад. Экстремизми динии муосирро дар воқеаҳои имрӯзаи шарқи наздик метавон мушоҳида кард. Оғози онро мо дар мисоли фаьолияти бо ном «Давлати исломӣ»,ки дар тамоми шарқ наздик, бахусус Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ғайра ба назар мерасад, метавон мушоҳида кард. Мақсади асосии экстремизми динии муосир, ин таьсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эьтироф намекунанд. Фаъолияти онро, ҷаҳони исломро фаро гирифтан ва мақсадшон барпо намудани ҳокимияти исломӣ аст. Ҳамаи инро ба назар гирифта, ҷумҳурии мо ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзо, оқибатҳои нохуши онро дарк ва дар ин самт якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои таьмини ҳуқуқу озодиҳо инсон ва шаҳрвандон, асосҳои сохтори конститусионӣ, таьмини ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳури Точикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм, муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкили мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ, муқкаррар намуданни ҷавобгарӣ барои амалӣ намудани он,ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба фаьолияти экстремистӣ, рафьи сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдошавии экстремизм мусоидат мекунад, равона карда шудаанд.
Дар ин асно чуноне Президенти кишвар дар аксари вохӯриву мулоқотҳои худ қайд менамоянд, “Мо набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва пайваста бар зиддди экстремизм ва терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа якҷоя мубориза барем». Дар ин ҷода мо бояд пайрави Пешвои миллат бошем.
Самадзода Сайёҳат, аъзои гурӯҳи волонтёрӣ аз ноҳияи А.Ҷомӣ