БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Дар остонаи боз як солгарди ҷашни бузурги сиёсию миллӣ ва давлатии  Ватани азизамон рӯзи Истиқлолият қарор дорем. Он тӯли 29 сол чун меҳвари асосии манфиатҳои миллии Тоҷикистони озоду дунявӣ тавонист кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар бошад. Тамоми паҳлуҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифта, дар самти рушд ва болоравии эҳсоси меҳанпарастии мардуми кишвар васеъ истифода мешаванд.

Маҳз Истиқлолияти  давлатӣ аст, ки тамоми шароити мусоидро барои ташаккулу пешрафт ва татбиқи манфиатҳои миллии кишвар фароҳам овардааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, батадриҷ ҳадафҳои стратегии кишвар татбиқ  мегарданд.

Имрӯз Тоҷикистонро қариб тамоми давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол мешиносанд ва эътироф намудаанд. Инчунин, бо 130 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти маҳбуб ва Пешвои муаззами худ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ бо як қатор ташаббусҳои муҳим баромад намуд, ки ба мушкилоти имрӯзаи кураи замин мутаалиқ мебошад. Бахусус, пешниҳодҳои Пешвои миллатамон дар соҳаи об 15 соли охир дар сиёсати умумиҷаҳонӣ ҷойгоҳи муҳимро касб намудааст.  Сохта ба истифода додани садҳо километр роҳҳои мошингард, пулу нақбҳо, сохтмони неругоҳҳои барқию обӣ, бахусус оғози сохтмони иншооти азими аср НОБ-и Роғун, бунёди садҳо иншоотҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ, мактабу марказҳои табобатӣ, иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ аз беҳтарин комёбиҳои даврони Истиқлол мебошанд.

Ба ибораи дигар, Истиқлолият тамоми заминаҳои мусоидро баҳри зиндагии шоистаи мардум фароҳам оварда, шаҳрвандон дар шароити ваҳдату ягонагии миллӣ метавонанд, баҳри устувору пояндагии ин сарвати бебаҳо кору фаъолият намуда, нерӯи ҷисмонӣ ва зеҳнии худро сарф намоянд.

Дифоъ аз Ваҳдату Истиқлолияти кишвар вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост. Он маънои дифоъ аз Ватан, аз Модар, аз сарзамини аҷдодӣ, аз арзишҳои миллиро дорад. Дар замони бархӯрди тамаддунҳо, хатарҳои муосири геополитикӣ чун экстремизм ва терроризм, таҳдиди давлатҳои абарқудрат сари кишварҳои рӯ ба тараққӣ, бархӯрди зиддиятҳои иттилоотӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  қарор дорем.

Ин омилҳо метавонанд ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дилхоҳ давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳдид намоянд. Бинобар ин, ҳар яки мо чун ватандори асил лаҳзае ҳам бояд фориғ набошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва таҳкими сулҳу суботи саросари кишвар саҳмгузор бошем. Истиқлолият сарвати бебаҳо ва атои Худовандист. Он боиси хушбахтӣ, озодӣ, сарбаландӣ ва хушномии мост. Ба қавли шоир, ки гуфта:

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,

Ҳоҷати дигар ба қилу қол нест.

Саидов Илҳом, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg