ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Лӯбиёкор бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар рафти хониши сиёсӣ суҳбатҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии касалии сироятии коронавирус ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда шуда, ҷамъомадагон таъкид карда шуданд, ки ҳатман дар хонадон, ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд ва фарзандони хешро роҳи худогоҳиву хештаншиносӣ тарбия кунанд.
Дар охир ба иштирокдорон муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии коронавирус супорида шуд.