ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади нигоҳ доштани солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро дар Ҷамоати шаҳраки Данғара дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев гузарониданд.