БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ИДОМА ДОРАНД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дирӯз гурӯҳи тарғиботӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳри Бохтар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, волонтёрон ва дигар шахсони масъул дар кӯчаҳои ба номи С. Мирзоев, С. Айнӣ, Н. Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд. Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ба чанд зергурӯҳҳо муттаҳид шуда,  дар кӯчаҳо ва назди биноҳои баландоёшнаи истиқоматӣ ба сокиноне, ки дар берун бе ниқобҳои тиббӣ сайру гашт карда истода буданд, ниқобҳои тиббӣ тақсим намуда, хотирнишон карданд, ки тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ дар кишвар ҳатмист. Ҳамзамон, ба сокинон дар бораи коронавирус, роҳҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ ва пешгирӣ аз сироятшавӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи мунтазами маҳлулҳои антисептикӣ, тамизкорӣ намудани хона ва муҳити зист бо маҳлулҳои хлордор маълумот дода, иброз дошт, ки то ҳол сокинони ҷаҳон бо ин бемории даҳшатзо мубориза бурда истодааст. Дар идомаи баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби аъзои гурӯҳ тибқи дастури раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба сокинон зиёда аз 300 адад ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg