![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200701_082600.jpg?itok=-x3HZACv)
БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Дирӯз гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳри Бохтар фаъолияти худро дар кӯчаҳои маҳаллаи Хатлон идома дода, бо сокинон суҳбатҳо оростанд. Зимни вохӯриҳо таъкид карда шуд, ки мушкилоте, ки имрӯз аҳли ҷомеаро нигарон кардааст, ин бемории сироятии коронавируси COVID-19 мебошад. Баъзеҳо хабарҳои беасосе паҳн мекунанд, ки мақсади асосии онҳо халадор намудани вазъияти кунунии кишвар мебошад. Хушбахтона, имрӯз дар кишвар шиддати сироятёбӣ ба ин беморӣ паст гардида истодааст. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна хабарҳои беасос бовар накунанд, зеро тарсу ҳарос яке аз омилҳои мубтало гардидан ба дигар бемориҳо мебошад. Бояд гуфт, ки гурӯҳи тарғиботии мазкур бо супориши бевоситаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемории коронавирус дар шаҳри Бохтар таъсис ёфта, дар он намояндагони тамоми сохторҳои шаҳрӣ, аз ҷумла кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шҳари Бохтар шомил мебошанд. Гурӯҳи тарғиботӣ то имрӯз дар ҳудуи 20 маҳаллаи шаҳр бо сокинон вохӯриву суҳбатҳо бо усули “хон ба хона” доир намуда, дар доираи баргузории вохӯриҳо дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон, ҳамзамон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотиро тақсим кардаанд.