Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Ҷамоати деҳоти Фрунзе, деҳаи Роҳи нав барои самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замини наздиҳавлигӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки ба саломатии худ ва аҳли оила диққати ҷиддӣ дода, ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намоянд ва ҷиҳати рӯёнидани ҳосил аз як замин бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда тадбирандешӣ кунанд. Ҳамзамон, иброз гардид, ки имрӯз аз мо тақозо мекунад, ки ба тарсу таҳлука наафтода ба таври лозима барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус омода бошем ва зиракиро аз даст надиҳем.