ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ баргузор гардид.
Дар он гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ғаффорзода Давлатҷон дар бораи натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2020 шунида шуда, доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.