БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ВАКИЛОН ХОТИРМОН АНҶОМ ЁФТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Маҳмадсаид Раҷабзода бо вакилони Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев вохӯрӣ баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ Раҷабзода Маҳмадсаид иброз дошт,  ки омили зиндагии шоистаи мардум аз истифодаи самараноки замин сарчашма гирифта, бояд ягон ваҷаб замини зархез холӣ ва бекор намонад. Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат дар бораи пешгирии бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд кард, ки пешгирӣ худ ними табобат аст ва эҳтиёт ними ҳаёт. Пас мо бояд худ ва наздиконамонро аз сироятёбии ин пандемия эмин нигоҳ дорем.  Шумо низ ҳамчун намояндаи мардуми маҳал масъул ба онед, ки нисбати ин мавзӯъ бо интихобкунандагони худ пайваста вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед. Сипас, вакилон андешарониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, зикр намуданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Дар анҷом ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg