ПАНҶ.Таҳти ин унвон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштикори аъзо ва фаъолони ҳизб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳраку деҳоти ноҳия, кормандони идораву муассисаҳо конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
КӮЛОБ. Вобаста ба ҷадвали суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” вохӯрӣ анҷом ёфт.
ДАНҒАРА.Мувофиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи Данғара” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Гимназияи№1»-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
ФАРХОР. Бо мақсади шарҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи № 2» баргузор гардид.
А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳақиқат»-и деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо иштироки р
ҶАЙҲУН. Дар доираи иҷрои барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 5 марти соли 2019, № 4 дар бораи баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ бахшида ба Рӯзи «Иди Модар» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия аз он ҷумла, дар ташкилотҳои ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Маорифчиён” чорабиниҳои таблиғотии ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Н.ХУСРАВ.Ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Наврӯзи байналмилалии дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо, ҷаматҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонию созандагӣ таъмиру тармими бинову иншоотҳои иҷтимоӣ, истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ, бунёди боғу токзорҳо шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ бо маром идома доранд.
ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии Шехмизони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб баъди баромади мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ро якдилона тарафдорӣ намуданд.
ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12