БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ вазифаи мост!

ДАНҒАРА.Мувофиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи Данғара” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, истифода бурдан аз таҷҳизотҳои каммасраф ва роҳҳои пешгирии дуздии қувваи барқ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия ибрози андеша намуд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg