БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ

ПАНҶ.Таҳти ин унвон  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ   бо  иштикори  аъзо ва фаъолони  ҳизб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳраку деҳоти ноҳия, кормандони идораву муассисаҳо конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия узви раёсати вилоятии ҳизб, раиси ноҳия Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут ва раиси Кумитаи иҷроичи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ иштирок ва суханронӣ  намуданд.        

Зимни  суханрониҳо қайд гардид, ки  мутаассибон ба хотири пешгирӣ аз рушди илму технология аз роҳи дин сўистифода  намуда, ба сохтани ҷомеаи таассубӣ ҷавононро ба механизми иҷрои андешаҳои муғризона ва ифротгароёнаи худ табдил медиҳанд.

Дар ҷараёни конференсия бо муроҷиат ба иштирокдорон иброз шуд, ки ҷавононро аз оқибатҳои манфии ифроту хурофот огоҳ намуда, дар зеҳни онҳо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хирадгароиву созандигиро тарбия кунем.

Дар идома аз тарафи намояндагони раёсати конференсия ба якчанд нафар ҷавонони фаъоле, ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардиданд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар охири кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳрак ва деҳот вобаста ба татбиқи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас  дода, кори конференсияро ҷамъбаст намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg