БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қадрдонии занони ҳизбӣ дар Рӯзи Модар

КӮЛОБ. Вобаста ба ҷадвали суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” вохӯрӣ анҷом ёфт.

Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” Бобохоҷаев Саидмӯъмин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, Бобохоҷаев Саидмӯъмин ба сухан баромада, ҳозиринро бо идҳои баҳорӣ табрик намуда, аз пешрафти фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла, соҳаи тандурӯстӣ ва ободии шаҳру деҳоти Кӯлоб изҳори хушнудӣ кард.

Дар баромади худ Мунаввараи Бозоралӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуда, аз рафти Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ёдовар шуда, барои татбиқи амалии ин иқдоми нек аз ҳозирин  даъват ба амал овард.

Дар фарҷоми маҷлис як нафар фаъолзани ҳизбӣ аз ташкилоти ибтидоии мазкур бахшида ба Рӯзи Модар бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg