ФАРХОР. Бо мақсади шарҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи № 2» баргузор гардид.
Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер бахшида ба фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ кард.
Мавзӯи дигари суҳбат фарогирии шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар самти тандурустӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиббӣ буд.
Дар охир ба ҳамаи аъзои ташкилоти ибтидоӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.