БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷонибдории сокинон аз Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ

ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии Шехмизони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб баъди баромади мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ро якдилона тарафдорӣ намуданд.

Дар баромад ҳамаи самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо мисолҳо шарҳу тавзеҳ додашуда, иҷрои талаботҳои ҳарбанд махсус таъкид гардид.

Аъзои ташкилот Асомиддин Партоев, Вайсиддин Абдураҳимов, Сайид Зокиров, Мавлонбӣ Бозорова, Фаришта Ҳалимова дар баромадашон қайд намуданд, аз хониши имрӯза дар бораи бисёр масъалаҳои рӯзмарра , аз ҷумла пешниҳодҳои нави Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2018- 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, Соли 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳадафи чоруми миллӣ-Саноаткунонии босуръати кишвар, ҳамчуни оид ба  роҳҳои мубориза ба терроризм, ки бертерроризм, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятӣ дигар самтҳое, ки дар баромад шарҳу тавзеҳ дода шуд, барои худ маълумоти зарурӣ гирифтем. 

 Дар ин замони пуртазод  онеро, ки дилаш ба ин Ватан, ба миллат ва оядаи пурсаодат месазад, - қайд намуданд онҳо,-  бояд бетараф набошад. Ба муқобили онҳое, ки мехоҳанд мамлакати моро ноором сохта, мардумро ба роҳгумӣ андозанд, беамон мубориза баранд.

Баъди хониши сиёсӣ аъзои  ҲХТД  дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҳашар баромада  ду тарафи роҳи мошингузари деҳаро аз хасу хошок ва дигар партовҳо тоза намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg