Н.ХУСРАВ.Ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Наврӯзи байналмилалии дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо, ҷаматҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонию созандагӣ таъмиру тармими бинову иншоотҳои иҷтимоӣ, истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ, бунёди боғу токзорҳо шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ бо маром идома доранд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар маҳаллаи Бешкаппа ҷамоати деҳоти Наврӯз чорабинии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, амалигардонии “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” ва баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродов Раҳмон ифтитоҳ намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ватандӯстӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ , баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар таҳкими ягонагӣ, ҳамаҷониба ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ дар партави ҳадафҳои созандаи сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон андешаронӣ карданд.
Доир ба амалигардонии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони маҳалла тоза намудани канали обгузар ва ҷӯю обравҳо саҳм гузоштанд.