ВОКУНИШ. Имрӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма мехонем, ки хоинони миллат – наҳзатиёне, ки аз ҷазо гурехта дар Аврупо паноҳ мебаранд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлату миллати тоҷик суханони тӯҳматомезро паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд нуфӯзи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд. Тоҷикистонро дар чашми ҷаҳониён давлати ғайри демократӣ, ки ҳуқуқи инсон ҳифзу ҳимоя карда намешавад, нишон диҳанд.